Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николич дар интихоботи президентии Сербия пирӯз шуд


Томислав Николич

Томислав Николич

Борис Тадич, раисиҷумҳури пешин ва раҳбари Ҳизби демократи Сербия, бохти худ дар интихоботи президентиро эътироф кард. Ӯ рақибаш Томислав Николич, раиси Ҳизби миллатгарои тараққиёти Сербияро бо пирӯзӣ табрик намуд.

Дар пояи иттилои муқаддамотӣ, дар даври дуюми интихоботи президентӣ Николич 49, 4 дар сад ва Тадич 47, 4 дар сади раъйҳоро ба даст оварданд.

Мақомоти интихоботии Сербия хабар доданд, ки ду соат қабл аз анҷоми раъйдиҳӣ камтар аз 37 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.
XS
SM
MD
LG