Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано ба тафтиши муассисаҳои ҳастаии Эрон хушбин аст


Юкия Амано
Юкия Амано
Юкия Амано, раиси Ожонси байнулмилалии нерӯҳи ҳастаӣ ё МАГАТЭ, шонсҳои расидан ба созиш бо Эрон дар мавриди тафтиши муассисаҳои ҳастаии кишварро мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки дар ин бора “ҳанӯз чизи мушаххасе наметавон гуфт”.

Нишасти хабарии Амано дар арафаи сафараш ба Теҳрон барои идомаи музокирот бо мақомоти Эрон баргузор шуд.

Эрон беш аз чаҳор сол боз нозирони МАГАТЭ-ро ба муассисаҳои ҳастаии худ роҳ намедиҳад ва аз ироаи санадҳои зарурӣ ба Ожонс худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG