Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нерӯҳои Сурия боиси ҳалокати 34 нафар шуд


Дар Сурия бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба деҳаи Сурани вилояти Ҳома 34 сокини осоишта кушта шуданд. Дар ин бора гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Лондон, хабар дод. Дар дигар манотиқи кишвар рӯзи якшанбе боз 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои зиддиҳукуматӣ баргузор шуданд.

Дирӯз ҳамчунин дар шаҳри Дума, воқеъ дар канори Димишқ, дар 150 метрии корвони мошинҳои раҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ генерал Роберт Муд бомбе инфиҷор шуд. Ҳамроҳ бо Муд дар ин корвон муовини Дабири кулли СММ Эрве Ладсу ва хабарнигорон низ буданд. Ба нафаре аз онҳо осеб нарасидааст.

Хушунат дар Сурия дар ҳоле идома дорад, ки бар пояи тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон аз 12 апрел миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ оташбас эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG