Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти НАТО дар Чикагои Амрико оғоз мешавад


Раҳбарони бештар аз 50 кишвар дар Чикагои Амрико дар мулоқоти навбатии паймони НАТО гирдиҳам омадаанд ва он бузургтарин мулоқот дар таърихи ин паймон ба шумор меравад. Руасои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ низ ба ин мулоқот даъватномаи расмӣ гирифта буданд, зеро баррасии масъалаи Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пураҳамият аст. Вале ин кишварҳо тасмим гирифтанд, ки ҳузури вазирони корҳои хориҷиашон дар ин мулоқот барояшон кофист. Аз Тоҷикиситон дар мулоқоти Чикаго Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири хориҷӣ ширкат мекунад.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия аз ширкат дар мулоқот худдорӣ кард ва касе наметавонад ҳадс занад, ки оё адами ширкати руасои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ба худдории Путин аз ширкат дар ин мулоқот иртибот дорад ё хайр.

Дар мулоқоти Чикаго аъзои ин паймон саъй хоҳанд кард, баъд аз даҳсолаҳо ҷанг стратегияи ягонаи хуруҷи нируҳо аз Афғонистонро ба тавофуқ расонанд.

Ин нахустин мулоқоти раҳбарони 28 кишвари узви паймони НАТО дар хоки Амрикост.
Дар остонаи ин мулоқот мақомоти амниятӣ 3 нафарро барои талоши суиқасд ба ҷони Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико боздошт карданд.

Бо вуҷуди ин ки НАТО 63 сол пеш баъд аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон ташкил шуда буд, вале ба воқеиятҳои қарни 21 низ расидагӣ мекунад ва акнун дар ин мулоқот масъалаи Афғонистон нисбат ба масъалаҳои дигар бартарӣ дорад.

Бино ба навиштаи рӯзномаи “The New York Times” Барак Обама дар остонаи ин мулоқот гуфта буд, ки ҳамаи амалиёти низомӣ, ки зери фармондеҳии нируҳои Амрико дар Афғонистон анҷом мегирад, тобистони соли 2013 боздошта мешавад. Ба гуфтаи Обама, Амрико баъд аз он нақши “ҳомӣ”-ро бар дӯш хоҳад гирифт.

Дар паси мизи мулоқот дар Чикаго як ҷо бо раҳбарони НАТО Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон низ менишинанд.
Гарчӣ то ҳол дар Афғонистон даргириҳо бо Толибон идома дорад, вале нируҳои байналмиллалӣ мехоҳанд то поёни соли 2014 амнияти Афғонистонро ба нируҳои худи ин кишвар вогузор кунанд. Ҳоло дар Афғонистон 130 ҳазор нируи байналмилалӣ мустақар аст.

Карзай ба ин мулоқот бо пешниҳоди худ омадааст. Вай аз ин мулоқот хоҳад хост, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ соле барои нируҳои дохилии Афғонистон 4,1 миллиард доллар кӯмак шавад. Интизор меравад, ки нисфи ин маблағро Амрико бар ӯҳда бигирад, дар ҳоле, ки маблағи боқимондаро бояд маҳофили байналмиллалӣ бипардозанд.
XS
SM
MD
LG