Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович имкони муолиҷаи Тимошенкоро дар хориҷ рад кард


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Ураина ақидаеро, ки гӯё Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонии ин кишвар қабл аз оғози бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо дар моҳи оянда барои муолиҷа дар хориҷ аз зиндон раҳо мешавад, рад кард.

Ин изҳороти Янукович дар ҳоле садо медиҳад, ки Олмон муолиҷаи Тимошенкоро пешниҳод ва ишора кардааст, ки дар сурати ғайр Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бозии кишварҳо дар Украинаро бойкот хоҳад кард. Ин бозиҳо 8 июн ҳамзамон дар Украина ва дар Полша оғоз мешаванд.

Тимошенкои 51 сола барои суистифода аз мақом 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст. Худи Тимошенко ин ҳукми зиндонро дорои ангезаҳои сисёсӣ медонад.
XS
SM
MD
LG