Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Осиёи Марказӣ дар мулоқоти НАТО дар Чикаго


Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Чикагои Амрико даъватнома дарёфт кардаанд. Бо вуҷуди ин ки бори аввал руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Қазоқистон барои ширкат дар ин мулоқот даъвати расмӣ гирифтаанд, вале хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷаи худ дар ин мулоқот ҳузур хоҳанд ёфт.

Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар идомаи боздид аз Амрико дар ин мулоқот ҳузур меёбад. Мулоқот рӯзҳои 20-21 май баргузор мешавад.

Дар мулоқотии Чикаго аслан вазъ дар Афғонистон ва хуруҷи нируҳои НАТО аз ин кишвар, сипари дифои зиддимушкии НАТО дар Аврупо ва масъалаҳои ҷорӣ дар баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG