Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои "Евровидение-2012" дар Боку оғоз шудааст


Дар Боку маросимҳои марбут ба "Евровидение" ба таври расмӣ оғоз ёфтааст. Хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ки ба даври 57-ӯми озмуни байналмиллалии "Евровидение-2012" намояндагони ҳамаи 42 кишвари ширкаткунанда даъват шудаанд.
Даври ниманиҳоии озмуни мазкур рӯзҳои 22 ва 24 май баргузор мешавад ва даври ниҳоӣ 26 май дар назар гирифта шудааст. Ин озмуни байналмиллалӣ дар "Baku Crystal Hall" ё “Кохи булӯрини Боку”, ки сохтмони нав ва вижаи ҳамин озмун аст, баргузор мешавад.
Соли 2011 Озарбойҷон дар "Евровидение" пирӯз шуд ва ҳақи кишвари мизбони "Евровидение-2012”-ро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG