Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато маҷмаи дурӯзаи интернетӣ ба поён расид


Дар Алмаато Маҷмаи севвуми рушди интернет дар Осиёи Марказӣ ба поён расид. Дар он 100 нафар аз Гурҷистону Қазоқистон, Қирғизистону Литва ва Тоҷикистону Украина ширкат ҷустанд. Ин маҷмаи дурӯзаро САҲА баргузор кард. Ширкаткунандагон озодии баён дар интернет, муқаррароти ҳукуматӣ дар интернет, ҷанбаҳои тиҷоратии интернет, мазмуни мундариҷаи мақолаҳои интернетӣ ва сарчашмаҳои забонии интернет дар ҷумҳуриҳоро баррасӣ карданд.

Дар изҳороти САҲА омадааст, дар ин маҷмаъ ширкаткунандагон барои густариши интернет як силсила пешниҳодҳо таҳия кардаанд, ки аз тариқи ожонсиҳои давлатӣ ва аз роҳҳои дигар дастрас мешавад.
XS
SM
MD
LG