Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Марк Зукерберг-муассиси Facebook бо дӯстдухтари диринааш Присила Чен таи маросиме дар Калифорния издивоҷ кард. Зукерберг 28 сол ва Присила 27 сол доранд. Маросими издивоҷ баъд аз як ҳафтаи пуршӯру ҷанҷолии нархгузории шабакаи иҷтимоии Facebook дар бозори бурс баргузор шуд. Дар таърихи Wall Street ин яке аз пешниҳодҳои муғлақи бозори бурс ба шумор меравад.

Присила ва Зукерберг 9 соли пеш, яъне соли 2004 бори аввал дар донишгоҳи Ҳарвард бо ҳам мулоқот карданд. Он вақт Зукерберг Facebook-ро таъсис дода буд. Чен бахши тиббии донишгоҳи Калифорнияро хатм кардааст. Ҳатто баъд аз пардохти арзиши аввалияи Facebook низ Зукерберг бузургтарин саҳоми Facebook боқӣ мемонад. Саҳмияи вай 503,6 миллион доллар аст, ки 56 дарсади саҳмияҳоро ташкил медиҳад. Ин шабакаи иҷтимоӣ ахиран 100 миллиард доллар нархгузорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG