Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот дар Сербистон давом дорад


Дар Сербистон райдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба назарпурсиҳо, Борис Тадич-раиси ҷумҳури кунунӣ нисбат ба Томислав Николич-рақиби интихоботиаш дар сафи пеш қарор дорад.

Даври аввали интихобот 6 май баргузор шуда буд. Николич иддао мекунад, ки дар даври аввали интихобот тақаллуб ҷой доштааст, вале мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки шавоҳиде дар бораи нақзи муқаррароти интихоботӣ дар даст надоранд. Аз он замон то ҳол Тадич заминаҳои бартарии Ҳизби Сотсиалистро фароҳам сохт. Ин ҳизб дар порламони Сербистон севвумин ҳизб ба шумор меравад.

Агар дар ин интихобот Тадич пирӯз шавад, музокирот барои узвият дар Иттиҳодияи Авупоро то поёни ҳамин сол оғоз мекунад. Николич гуфтааст, вай узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро ташвиқ мекунад, вале на ба ҳар баҳое.
XS
SM
MD
LG