Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Челсӣ»-и шаҳри Лондон дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо, тими «Бавария»-и Мюнхенро аз пой даровард.

Ин бозӣ, ки дар майдони хонагии дастаи «Бавария» баргузор шуд, умедҳои ин тими шӯҳратманди олмониро нақше бар об кард ва обипӯшони шаҳри Лондон барои аввалин бор дар таърихи худ ин ҷомро бо худ бурданд.

Ин бозиро наздик ба ҳафтод ҳазор тамошобин дар варзишгоҳ ва миллионҳо ҳаводори футбол дар саросари ҷаҳон дунбол карданд.

Дар ин бозӣ, ки бо бартарии пурраи футболбозони шаҳри Мюнхен ҷараён мегирифт, то даҳ дақиқаи ахири вақти асосӣ, ҳеҷ кадоме аз тарафҳо муваффақ ба рахна кардани дарвозаи якдигар нашуданд.

Аммо ин дақиқаи 83 - юми бозӣ буд, ки ҳамлагари дастаи «Бавария»и Томас Мюллер дарвозабони «Челсӣ»-ро маҷбур кард то тӯбро аз тӯри дарвоза бардорад. Аммо шодии бавариягиҳо дер давом накард ва танҳо панҷ дақиқа баъд, ҳамлагари лондониҳо Дидиер Дрогба бо сар тӯбро вориди дарвозаи олмониҳо кард.

Навад дақиқаи вақти асосӣ ва сӣ дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиби ин сабқатро муайян накард, ҳарчанд бавариягиҳо имкони бештар доштанд. Ҳамлагари ин даста Ариен Роббен дар қисми аввали вақти изофӣ ҷаримаи ёздаҳметраро ба ҷои равон кардан ба тӯри дарвоза, ба дастони дарвозабони кулоҳпуши «Челсӣ» супурд.

Ҳамин тариқ сарнавишти бозӣ ба зарбаҳои ёздаҳметра кашонида шуд ва дастаи «Челсӣ» бо ҳисоби 1:1 (аз рӯи пеналтиҳо 4:3) пирӯз шуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо, дастаи “Бавария”-и Мюнхен бар “Реал” –и Мадрид ва “Челсӣ”-и Лондон бар “Барселона”-и Барселона пирӯз шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG