Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдид ба намояндагони порламони Афғонистон


Фазл Ҳодӣ Муслимёр

Фазл Ҳодӣ Муслимёр

Фазл Ҳодӣ Муслимёр-раиси Вулуси Ҷирга ё Маҷлиси поёнии порламони Афғонистон таъйид кард, ки намояндагони порламон дар робита бо тасвиби мувофиқатномаи стратегӣ бо Амрико таҳдид шудаанд. Вале афзуд:

“Коре, ки ба нафъи мардуми мост, коре, ки ба нафъи миллати мост, мо ҳамон корро анҷом медиҳем. Мо аз ҳеҷ паём наметарсем ва имтиёз намехоҳем”.

Шуморе аз намояндагони порламон ахиран хабар доданд, ки дар телефонҳои ҳамроҳи худ паёми таҳдидомез гирифтаанд. Дар паём омадааст, агар онҳо Мувофиқатномаи стратегии Афғонистону Амрикоро ба тасвиб расонанд, ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Онҳо гуфтаанд, паём аз ҷабҳаи номаълуми “Мулло Додуллоҳ” расидааст. Мулло Доддуллоҳ дар як ҳамлаи ҳавоии нируҳои Амрико соли 2007 кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG