Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дуввуми мулоқоти Кемп Девид оғоз ёфт


Мулоқоти Кемп Девид

Мулоқоти Кемп Девид

Раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё кишварҳои Ҷӣ 8 дар Кемп Девиди Амрико рӯзи дуввуми кори худро давом доданд. Дар ин мулоқот бӯҳрон дар қаламрави истифодаи пули евро баррасӣ мешавад. Қабл аз оғози кори мулоқот Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико чунин гуфт: “Ҳамаи мо комилан уҳдадор ҳастем, ки барои ду масъала мутмаин бошем: рушду субот ва ваҳдати назари дақиқ. Ин ду нукта аз ҷумлаи бастаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳамаи мо бояд онро пайгирӣ кунем”.

Раҳбарони Амрикову Британия, Русияву Олмон ва Фаронсаву Ҷопон ва Италияву Канада дар Кемп Девид-осоишгоҳи раиси ҷумҳури Амрико бо ҳам мулоқот мекунанд.
XS
SM
MD
LG