Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чен Гуанченг қаламрави Чинро ба қасди Амрико тарк кардааст


Чен Гуанченг
Чен Гуанченг
Чен Гуанченг -яке аз фаъолони нобинои чиноӣ бо ҳавопаймое аз Пекин ба Амрико парвоз кард. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико бо пахши эъломияе таъйид кард, ки Чен Гуанченг бо хонум ва ду кӯдакаш қаламрави Чинро тарк кардаанд. Баъд аз расидан ба Амрико Чен таҳсили худро дар донишгоҳ идома медиҳад. Субҳи рӯзи шанбе Чен дар мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории Ройтерз гуфт, ки дар майдони ҳавоии Пекин қарор дорад ва барои парвоз ба Амрико омодагӣ мегирад.
Баъд аз он, ки Чен сафоратхонаи Амрико дар Пекинро тарк кард, ҳудуди ду ҳафта дар як шифохона муолиҷа мегирифт. Вай дар сафоратхонаи Амрико чанд рӯз паноҳ бурда буд.
XS
SM
MD
LG