Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду шарики омили таркиши "наврӯзӣ"


Рӯзиқул Шоимқулов ва Хуршед Холмуродов

Рӯзиқул Шоимқулов ва Хуршед Холмуродов

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафаре хабар доданд, ки гуфта мешавад, аъзои дастаи Худойназар Одинаеванд.

Маълум шудааст, ки таркиши рӯзи иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе на ба як, балки чандин нафар рабт доштааст. Иттифоқан, мақомот ҳанӯз дар рӯзи воқеа гуфта буданд, ки омили таркиш Худойназар Одинаев мансуб ба як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноист.

Боз ду узви ҳамин гурӯҳ, ба қавли дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, баъд аз кашфи паноҳгоҳи онҳо ва дар натиҷаи як амалиёт дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт, “Ду тан аз аъзои ин гурӯҳ -- Рӯзиқул Шоимқулов ва Хуршед Холмуродов, ки ҳарду сокини шаҳри Ваҳдат будаанд, дастгир шуданд.”

Вай афзуд, ин гурӯҳи созмонёфта бо роҳбарии Худойназар Одинаев дар таърихи 3-юми март дар корхонаи “Обшорон”-и шаҳри Душанбе ба шаҳрвандони Чин ҳамла карда, ки дар пайи он 7 тан ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Аз он вақт сар карда Одинаев ва шариконаш таҳти пайгард қарор ёфтаанд ва рӯзи Наврӯз ба кормандони Вазорати умури дохилӣ муяссар гашт, маҳалли сукунати Одинаевро дар дар наздикии "Автовокзал"-и пойтахт ифшо кунанд. Вале ҳангоми амалиёти боздошти ӯ Одинаев аз кисааш норинҷакеро баровард ва мехост, ба тарафи корманди милиса партояд.

Кормандони милиса дар ин ҳолат ба сӯи ӯ тир кушоданд ва норинҷак аз дасти Одинаев афтода, таркиш ба амал омад. Бо вуҷуди ин, бино бар гуфтаи шоҳидони ҳодиса, Одинаев зинда монд ва кормандони милиса мегӯянд, ӯ дар роҳ ба беморхона фавтидааст. Тибқи иттилои расмӣ, сокини ноҳияи Ваҳдат, Худойназар Одинаеви 45-сола, ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, роҳзанӣ, куштор ва бандтизм муттаҳам мешуд. Шоимқулов ва Холмуродов, ки акнун боздошт шудаанд, узви ин гурӯҳ ба шумор рафта, рӯшан нест, масъулияти таркишро низ дар ӯҳда хоҳанд дошт ё хайр.

Таркиш дар рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ -- рӯзи баргузории маъракаи асосии таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, ки бо ҳузури ҳайатҳои баландпояи Афғонистон, Покистону Эрон ва намояндагони беш аз 50 кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Аз бойгонии "Озодӣ": Таркиш дар Душанбе

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG