Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои бокси ҷаҳон миёни занон муайян шуданд


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик

Имрӯз, 19-уми май, даври ниҳоии мусобиқаи ҳафтуми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Чин баргузор шуд.

Кэти Тейлори ирландӣ, ки дар даври ниманиҳоӣ бар Мавзуна Чориеваи тоҷикистонӣ ғолиб омада буд, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар София Очигаваи русиягӣ бо ҳисоби 11:7 пирӯз гашт ва барои бори чаҳорум бо медали тилои сабқати ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.

Очигава бо медали нуқра, Чориева ва Наташа Ҷонас (Инглистон) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар нӯҳ вазни дигар инҳо ғолиб шуданд:

Ҷоси Габуко (48 кило, Филиппин), Канкан Рен (49-51 кило, Чин), Александра Кулешова (54 кило, Русия), Ничелли Браун (57 кило, Амрико), Пёнг Пак (64 кило, Кореяи Шимолӣ), Мария Бадулина (69 кило, Украина), Саваннаҳ Маршал (75 кило, Инглистон), Мейҷинг Юан (81 кило, Чин) ва Юнсей Ли (+81 кило, Чин).

Дар мусобиқаи мазкур 305 бонуи муштзан аз 70 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Онҳое, ки дар вазнҳои то 51, то 60 ва то 75 кило ҷойҳои аз якум то ҳаштумро гирифтанд, соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардиданд.

Миёни 24 муштзани тоҷик Мавзуна Чориева низ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ мушарраф шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG