Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ дар таълими муҳоҷирони тоҷик кӯмак мекунад


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, Бонки Ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардааст, ки дар таълими муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират кӯмак хоҳад кард. Дар ин бора миёни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва намояндагии ин бонк дар Душанбе дар мулоқоте тавофуқ ба даст омадааст.

Дар ин мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки дар танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон низ дар ин мулоқот баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG