Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ боздиди раиси Ожонси ҳастаии СММ аз Эрон оғоз мешавад


Юкио Амано
Юкио Амано
Эрон аз хабари боздиди қарибулвуқуи раиси Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ истиқбол кард. Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, боздиди Юкио Амано-раиси ин ожонс аз Эрон “нишонаи хуб” аст. Хабаргузории ISNA-и Эрон аз қавли Солеҳӣ навиштааст, Теҳрон умедвор аст, ки боздиди Амано ба суолҳое дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон рӯшанӣ хоҳад андохт. Боздиди Амано пагоҳ, рӯзи якшанбе дар назар гирифта шудааст ва қарор аст вай рӯзи душанбе музокироти ҳастаӣ бо Эронро шурӯъ кунад.

Баъд аз он рӯзи чаҳоршанбе дар Бағдод музокироти Эрон бо кишварҳои 5+1 роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш оғоз меёбад.Дар остонаи ин мулоқот мақомоти Эрон ҳафтаи гузашта дар Вена бо раҳбарони Ожонс мулоқот анҷом доданд. Дар ин музокирот нармише аз ҷониби Эрон мушоҳида нашуд. Мақомоти Ожонс ба Эрон фишор меоранд, ки бозрасони ожонсро ба таъсисоти ҳастаии Порчин барои баррасӣ иҷоза диҳад. Ин ниҳоди СММ шак дорад ва мегӯяд, ки Эрон дар Порчин ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ машғул аст.
XS
SM
MD
LG