Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи “Ҷоми губернатори Санкт-Петербург” гардид.

Ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ширкати варзишгарони Беларус, Итолиё, Қазоқистон, Латвия, Молдова Русия, Тоҷикистон, Укроина ва Эрон баргузор шуд. Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 56 кило дар ҳарсе қувваозмоӣ аз рӯи холҳо ғолиб омад.

Вай дар ду даври аввал бар мизбонон – Александр Никитин ва Назир Баллаев дастболо шуд. Баъдан дар даври ниҳоӣ Виторрио Паринеллои итолиёвиро шикаст дод. Ин мусобиқа барои Анвар Юнусов як марҳилаи омодагиҳо ба Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон маҳсуб мешуд.

Бозгашти муштзани тоҷик ба майдони бокс

Маъруфҷон Файзуллоев, муштзани дигари тоҷик, баъди танаффуси панҷсола боз ба майдони бокс омад. Ӯ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон дар вазни то 75 кило як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард. Маъруфҷон Файзуллоев барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар соли 2005-ум мебошад.

Медали нуқраи донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Аёмиддини Муҳаммадраҷаб, донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар набарди бисёрҳарба ба муносибати ҷашни 85-солагии Ҳайдар Алиев, собиқ раисиҷумҳури Озарбойҷон, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Боку сурат гирифт, варзишгарони Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Русия, Туркия, Узбакистон ва Эрон ширкат доштанд. Аёмиддин дар рақобатҳо дар вазни 60 кило баъди ду пирӯзӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар қувваозмоии ҳалкунанда аз рақиби озарбойҷониаш мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард.

Натиҷаи ҷанги танбатан дар Ҳиндустон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии ҷанги танбатан дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ севум шуд. Мунтахаби Русия ғолиби ин мусобиқа гардид. Дастаи мизбон – Ҳиндустон дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дар ин мусобиқа, инчунин, варзишгарони Афғонистон, Алҷазоир, Марокаш, Нигерия, Судон, Ҷумҳурии Чех ва Эрон ширкат доштанд. Тоҷикистонро 8 варзишгар аз вилояти Суғд намояндагӣ кард ва 7 нафари онҳо барандагони ҷоизаҳои мусобиқа шуданд. Абдукарим Қузиев дар миёни варзишгарони синнашон аз 16 то 18-сола дар вазни 55 кило ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG