Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз раҳбарони Ҷӣ 8 истиқбол кард


Истиқболи Обама аз раҳбарони Ҷӣ 8 дар Кемп Девид

Истиқболи Обама аз раҳбарони Ҷӣ 8 дар Кемп Девид

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кемп Девид аз раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 8 истиқбол кард. Дар Кемп Девид мулоқоти дурӯзаи раҳбарони ин кишварҳо баргузор мешавад ва зоҳиран дар ин мулоқот бӯҳрони қарзи Юнон ва бӯҳрони қаламрави истифодаи пули евро дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.
Бо вуҷуди ин, баррасиҳои шоми ҷумъа ба барномаҳои зиддунақизи Эрон, нооромии Сурия ва Кореяи Шимолӣ иротибот дошт.

Мақомоти Амрико мегӯянд, Ҷӣ 8 розӣ шудааст, ки Эрон бояд ҳадафи баландпарвозонаи барномаҳои ҳастаии худро бештар боз кунад ва Сурия бештар ба масъалаи гузори сиёсӣ таваҷҷуҳ дошта бошад.

Дар остонаи ин мулоқот Барак Обама ишора кард, ки аз барномаҳои танзими молии Аврупо ҳимоят мекунад ва дар Кохи Сафед бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури нави Фаронса мулоқот анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG