Пайвандҳои дастрасӣ

Юкиа Амано ба Теҳрон сафар мекунад


Қарор аст, Юкиа Амано, мудири Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи якшанбе бо сафари кории якрӯза вориди Эрон шавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, зимни ин сафар Юкиа Амано бо Сайид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва дигар мақомоти расмӣ гуфтӯгу мекунад. Сафари Юкиа Амано ба Теҳрон дар остонаи даври нави музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар сурат мегирад, ки қарор рӯзи 23 май дар Бағдод сурат бигирад. Айни замон дипломатҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Эрон дар масъалаи шеваҳои рафъи нигарониҳо аз барномаҳои атомии Эрон ба пешрафт даст ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG