Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯши саҳмияҳои Фейсбук шурӯъ шуд


Фейсбук бузургтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон, рӯзи ҷумъа ба фурӯши саҳмияҳояш дар бозори бурс оғоз кард. Фейсбук, ки арзиши онро 100 миллиард доллар тахмин мезананд, нархи ҳар саҳмияро 38 доллар таъйин кардааст. Гуфта мешавад, бо фурӯши аввалияи саҳмияҳои Фейсбук, дороии муассис ва мудири ширкат Марк Зукерберги 28-сола ба 20 миллиард доллар хоҳад расонд. Гурӯҳе аз сармоягузорон умедвори ба даст овардани фоидаи зиёд аз саҳмияҳои Фейсбук ҳастанд, аммо бархе дигар мегӯянд, дар бозори пуррақобати ҳозираи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд эҳтиёт кард. Фейсбукро муассисонаш дар хобгоҳи Донишгоҳи Ҳарвард дар Амрико сохтаанд ва ҳоло он тақрибан 900 миллион корбар дорад.
XS
SM
MD
LG