Пайвандҳои дастрасӣ

Аудити фаъолияти молии нерӯгоҳи Роғун барои солҳои 2007-2010 ба анҷом расида ва натоиҷи аввалия ҳокист, ки ҳеҷ камбуди ҷиддӣ вуҷуд надоштааст.

Хайрулло Сафаров, мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки рӯзи ҷумъаи 18-ми май бо радиои «Озодӣ» сӯҳбат мекард, гуфт, ширкати аудити байналмилалии «Делойт ва Туш» фаъолиятҳои молиявӣ ва муҳосиботи неругоҳро тайи ин муддат дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ кардааст: «Дар ҳақиқат ҳам баҳогузории ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи Роғунро ширкати Делойт ва Туш бар ӯҳда дорад ва онҳо аудитро бисёр бо назари хуб ҷамъбаст карданд.»

Баҳои мусбати ин ширкати аудити байналмилалӣ аз фаъолиятҳои молии нерӯгоҳи Роғун дар ҳоле эълон мешавад, ки қарор аст рӯзи 5-июни соли ҷорӣ дуввумин нишасти солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ва яке аз масоили мавриди баҳси ин нишаст, масорифи маблағҳои будҷаи давлатӣ ва пулҳои аз тариқи фурӯши саҳмияҳо ба дастоварда дар корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки тарзи истифодаи ин маблағҳо ва бахусус шаффофият дар фаъолияти ширкат ва корхонаҷоти вобаста ба умури сохтмонии ин нерӯгоҳ борҳо дар сафаҳоти расонаҳои дохиливу хориҷӣ таҳти шубҳа гузошта шудааст. Зимнан дар Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

феҳристи муассиса ва ширкатҳои шарик дар умури сохтмонии ин нерӯгоҳ ҷой доштани номҳои «Раҳмонҷон», «Сомонтаъминот», «Сомонтаҷҳизот» ва «РогунГЭСстрой», ки гуфта мешавад ба афроди алоҳидаи баландмақом тааллуқ доранд, сару садоҳо дар бораи ношаффофияти истифодаи маблағҳо дар ин иншооти бузурги саноатиро ба бор овардааст.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, ки дар иртибот ба ин мавзӯъ чанд матлабе ҳам ба нашр расонидааст, мегӯяд, маблағҳои зиёд дар ин сохтмони муҳим ғайримақсаднок истифода мешаванд. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ки мудирият дар ин иншоот тавре роҳандозӣ шудааст, ки бештари пулҳо тавассути «Ориёнбонк», ки ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раиси ҷумҳурӣ марбут аст, чархонида мешавад, дар ҳоле ки пудратчии асосии сохтмони нерӯгоҳ ҳам ширкати вобаста ба Ҳасан Асадуллозода аст:

«Дар сохтмони Роғун ба ҷойи вазифаи пудратчии генералӣ сохтори ба «Ориёнбонк»- тааллуқдошта бозӣ мекунад, ки ин «Роғунгэсстрой» ном дорад, ки онро Ҳасан Асадуллозода харида аст. Ва чанд пудратчии кӯчак, ки дар онҷо кор мекунанд, байни онҳо масалан Исмоили Сомонӣ-Асри 21 аст, ки онҳо ҳам аз худи Асадуллозода аст. Ин кор аз рӯи этикаи корпоративӣ ва этикаи байналмилалӣ, комилан манъ аст, номумкин мебошад. Зеро чунин кор замина мешавад барои дуздидани пул ва истифодаи ғайримақсадноки он».

Вале Хайрулло Сафаров, мудири кулли нерӯгоҳи Роғун истифодаи ношаффофи маблағҳо ва ба афроди алоҳидаи мансабдор тааллуқ доштани муассиса ва ширкатҳои машғул дар умури сохтмонии ин нерӯгоҳро рад кард: «Корхонаҳое, ки дар инҷо кор мекунанд, аз назари ҳам пудратчии генералӣ ва ҳам фармоишгар мегузаранд ва шаффоф кор мекунанд. Дар кори сохтмони нерӯгоҳи Роғун ягон корхонаи шахсие, ки аз ҷиҳати техникӣ салоҳият надорад, лавозимоти дуруст надорад, аз ҷиҳати фикриву фаннӣ дониши мукаммал надорад, кор карда наметавонад.»

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир кардани як фармон нерӯгоҳи Роғунро моликияти истисноии давлат эълон кард. Ва ба ин тартиб 75 дар сад аз саҳҳоми ин нерӯгоҳ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор дорад. Дар соли 2010 давлат 25 дар сади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба фурӯш гузошт, ки ба ин васила ҳудуди 190 миллион доллар ба даст овард.

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров

Феҳристи саҳмиядорони умда аз ин миқдори маблағ ба нашр нарасидааст, вале дар шумори он аз тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд. Ба хотири сарфаи шаффоф ва дурусти ин маблағҳо бо ширкати афроди саршинос ва мӯътабари кишвар як Шӯрои нозирони ширкати нерӯгоҳи Роғун дар соли 2010 ташкил карда шуд. Ин Шӯро мебоист ҳар моҳ ҷаласа доир карда аз тарзи харҷи ин маблағҳо ба мардум гузориш медод.

Аммо Масъуд Собиров, узви комиссиюни назорати масорифи маблағҳои Роғун гуфт, ки ин Шӯро танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад ва амалан коре ҳам ба анҷом нарасонидааст, чун ҳеҷ гуна салоҳияти мушаххас надорад: «Тибқи низомнома бояд моҳе як маротиба ин комиссиюн ҷамъ шавад ва дар васоити ахбор омма ҳар моҳ ҳисобот медодем, ки ин корҳо умуман нашудааст. Ягон маълумоте ҳам нест, ки дар мавридаш гап зада шавад. Ва моро ҳеҷ кас ҳам иҷозат намедиҳад, ки ба фаъолияти молӣ, яъне масрафи маблағи Роғун санҷиш бигзаронем.»

Бо ин ҳама дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳоло ширкат ва муассисаҳо аз Русия, Украина ва Эрон якҷо бо ширкатҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Дар ТВ-ҳои Тоҷикистон низ гузоришҳои вижа аз ҷараёни сохтмони ин нерӯгоҳ дар ин авохир бештар шудааст. Агарчанде ки то кунун коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳқиқи фанниву зистмуҳитии ин неругоҳро ба анҷом нарасонида ва ҳарфи охири худ дар бораи мумкин ва ё ғайримумкин будани ин сохтмонро баён накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG