Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Тантана”, як ширкати намоиши филмҳои нави ҷаҳонӣ дар кинотеатрҳои Тоҷикистон, аз намоиши мазҳакаи “Диктатор” даст кашидааст.

Ин иқдом дар ҳолест ки дар ин ҳафта корхонаи давлатии Тоҷиккино намоиши 5 сериали маъруфи туркиро манъ карда буд. Аммо масъулони “Тантана” мегӯянд, худдории онҳо аз намоиши “Диктатор” ба мӯҳтавои ин мазҳака рабт надорад, балки пеш аз ҳама ба далоили молист.

Диктатор Аловуддин

“Диктатор” филми нави комики шинохтаи англис Саша Барон Коэн аст, ки як диктатори мустабидро ба танз кашидааст. Қаҳрамони Саша Коэн - Аловуддин бар кишвари бофтаи Вадия дар қораи Африқо ҳукумат меронад, вале зоҳиран ин образ гулчине аз ҳар як диктатори маъруфи дунёст. “Адмирал-генерал” Аловуддин мисли Муаммар Қаззофӣ худро бо ҷондорони зан печонда, монанди Саддом Ҳусейн ҳама бояд ӯро аз китфонаш бибӯсанд, мисли Маҳмуди Аҳмадинажод қасди сохтани бомби атомиро дорад, мисли Сафармурод Ниёзов исми тамоми моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро ба номи худ гардондааст ва мисли тамоми диктаторҳо раияти худро як пули пучак намегирад ва ҳама дороиҳои мулки нафтхезашро танҳо барои худ ва худхоҳиҳояш масраф мекунад.

Ва ин ҳама бо ҳамон танзи бараҳнаи хоси Саша Коэн, ки бардоштҳо аз филми қаблии ӯ “Борат” дар бораи як журналисти “қазоқ” ҳам зиддунақиз буд.

Худдории “Тантана”

“Диктатор” рӯзи 17 май ба бозор даромад. Аммо худдории “Тантана” аз намоиши ин филм ва он ҳам ҳамагӣ ду рӯз баъд аз қарори “Тоҷиккино” дар мавриди манъи сериалҳои туркӣ ҳадсу гумонҳоеро ба бор овард, ки шояд мояи аслии тасмими “Тантана” ҷилавгирӣ аз ошноии мардум дар Тоҷикистон бо филме бошад, ки як ҳокими худкомаро масхара мекунад.

Аммо Далер Давлатов, менеҷери ширкати “Тантана” ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз намоиши “Диктатор” ба далоили молӣ сарфи назар кардаанд: “Мо ин филмро нагирифтем, чунки худро намепӯшонад. Агар мо 17 май ин филмро бигирем, рӯзи 24 май филми дигар дорем. Якдигарро намепӯшонанд ва мо месӯзем аз ин. Рӯзи 24 нахустнамоиши “MIB” (“Мардони сиёҳпӯш”) дар формати 3Д сар мешавад. Барои мо аз “Диктатор” дида филмҳои 3Д фоидаи зиёдтар меорад.”

Далер Давлатов гуфт, тасмими худдорӣ аз намоиши “Диктатор”-ро худи ширкат гирифтааст, вале як масъули дигари “Тантана” ба Радиои Озодӣ гуфт, далели дигари ин иқдом вуҷуди саҳнаҳои ғайримуҷоз дар мазҳакаи нави Саша Коэн аст, ки ба меъёрҳои ахлоқии мардуми тоҷик ва ҳам ба шартҳои гузоштаи “Тоҷиккино” мувофиқ нест: “Дар рекламааш ҳам ҳаст, ки “Диктатор” баъзе саҳнаҳои безеб дорад ва барои ҳамин, тамошояш фақат ба афроди аз 18-сола боло иҷозат аст. Мо барои ҳамин нагирифтемаш, чунки намоиши чунин филмҳо мумкин нест дар Тоҷикистон. Мо филмҳоро бо “Тоҷиккино” машварат мекунем. “Диктатор”-ро бо “Тоҷиккино” маслиҳат накардаем. Худамон мефаҳмем, ки кадомаш мумкин нест. Онҳо шартҳояшонро ба мо додагианд ва мо мефаҳмем, ки кадом филм мумкин асту кадомаш не. Мо вобаста ба ҳамин шартҳо кино интихоб мекунем.“



“Диктатор”-ро аз бозорҳо ҳам мебардоранд

Ҳамза Маҳмудов, раҳбари идораи ҳамоҳангсозии аудивизуалии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ширкати “Тантана” дар мавриди муҷаввизи пахши филми “Диктатор” ба ниҳодҳои расмӣ муроҷиат накардаст. Оқои Маҳмудов гуфт, бидуни чунин муҷаввиз намоиши ягон филм дар кинотеатрҳои Тоҷикистон мумкин нест: “Мо аз ин бехабарем. Агар ба “Тоҷиккино” муроҷиат мекарданд, куммиссиюн тафтиш мекард ва муҷаввиз медод. Бо чунин муҷаввиз касе дигар пеши намоиши филмро гирифта наметавонад. Лекин агар бемуҷаввиз бошад, мо метавонад кинотеатрро бандем.”

Мақомоти “Тоҷиккино” мегӯянд, наворҳои “Диктатор”-ро ба далели набуди муҷаввизи пахшаш аз бозорҳо низ бар хоҳанд чинд. Моҷарои филми “Диктатор” дар ҳолест, ки корхонаи давлатии “Тоҷиккино” дар ин ҳафта тарҷума ва намоиши 5 сериали дар байни мардуми тоҷик ва бахусус ҷавонон, хеле маъруфи туркӣ - “Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хайёлҳои сабз» ва «Водии гургон»-ро ба далели “вуҷуди саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ ва ифротгароиву терроризм” манъ кард. Ин идора қаблан ҳам чандин филми дигари сохти хориҷӣ ва як силсила наворҳои мазҳабиро ба “рӯйхати сиёҳ”-и барои фурӯш ва намоиш мамнӯъ шомил карда буд.

Аммо Азим Дадабоев, як соҳибкори тоҷик, ки чанд сол ба намоиши филмҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон машғул буд, мегӯяд, дар шароити имрӯза, ки фанновариҳои навин ва Интернет рушд ёфтааст, манъ кардани намоиши филм як талоши беҳуда аст: “Ин пеши роҳи касеро намегирад. Интернет ҳаст ва мардум озодона тамошо кардан мегирад. Фақат намоиши расмиаш манъ мешавад, тамом.”

Ду гардонандаи асосии бозори синамо

Мунира Ҳакимова, мудири толори синамову консертии Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан бозори намоиши филмҳои нави хориҷӣ дар Тоҷикистонро асосан ду ширкат - “Тантана” ва “Иона” – мечархонанд: “Иона” ва “Тантана” муштарак кор мекунанд. Агар филми наве имрӯз дар Маскав ба бозор дарояд, инҳо алакай фардояш ба Душанбе меоранд. Ҳоло филмҳое овардаанд, ба мисли “Титаник”, “Ҷанги дарёӣ”, “Қасосгирон”, “Роҳзанҳо”... Ин ҳама дар формати 3Д аст. Аммо дар инҷо ҳатто сӯҳбати филми “Диктатор” набуд.”

“Тантана” кинотетри собиқи “8 март”, ҳоло “Ҷавонон 3Д”-ро иҷора гирифтааст ва ин кинотеатр дар ҳоли ҳозир танҳо толорест дар Душанбе, ки филмҳоро дар формати 3Д намоиш медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG