Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзиши евро ва саҳҳом дар бозорҳо поин рафт


Аз бими амиқрафти молии Юнон ва мушкилоти бонкҳои Испониё, арзиши евро ва қиммати саҳҳом дар бозорҳои бурс поин рафт. Рӯзи ҷумъа қимати саҳҳом дар бозорҳои Осиё ва Аврупо ба ҳадде поин рафт, ки аз моҳи ноябр то ҳол мушоҳида нашуда буд. Қиматҳо баъди он суқут карданд, ки як муассисаи рутбасанҷӣ, рутбаи эътибори 16 бонки Испониёро поин бурд ва дигарӣ Юнонро, ки сару садо дар бораи тарки ҳавзаи евро кардани он авҷ мегирад. Дар ин миён арзиши доллар нисбат ба евро болотар рафт ва як доллар барои як евро ва 27 сент харидорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG