Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири маорифи Тоҷикистон мавзӯъи ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказиро бо раҳбари ин муассиса дар миён гузоштааст.

Тибқи иттилои вазорати маорифи кишвар, Нуриддин Саидов вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон рӯзи 15-уми май бо Эндрю Вахтел, президенти Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, Нуриддин Саидов бо ишора ба таҷрибаи хуби ин ниҳод дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, имконияти таҳсили ҷавонони тоҷикро дар ин донишгоҳ матраҳ намуд. Дар ин росто ҷонибҳо дар мавриди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо макотиби олии Тоҷикистон ва анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ сӯҳбат кардаанд.

Бояд гуфт, мулоқоти мазкур ва мавзӯи фарогирии донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар ҳоле анҷом мешавад, ки 3 соли пеш Донишгоҳи байнулмилалии иртибот ва фанноварии Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар баста шуд.

Ин донишгоҳ ки соли 2003 аз сӯи як шаҳрванди тоҷиктабори Амрико таъсис ёфта буд, беш аз 150 устод ва 1800 донишҷӯро ба тадрис фаро мегирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG