Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркише дар як бозори Бағдод 5 нафарро кушт


Маъмурони пулис дар Ироқ мегӯянд, бар асари инфиҷоре дар як бозори мол дар Бағдод, дасти кам 5 нафар кушта шуданд. Бар асари се таркиши пайдарҳам дар ин бозори воқеъ дар шаҳраки шиъанишини Садр дар Бағдод бештар аз 30 тани дигар захм бардоштаанд. Агарчӣ хушунат дар Ироқ баъди авҷаш дар солҳои 2006-2007 солҳои ахир фӯру нишастааст, аммо ҳанӯз ҳам бобмгузориву ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва мардуми ғайринизомӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG