Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мендез: "Эъломияи зидди шиканҷаро қабул кунед"


Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ.
Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ.

Гузоришгари вижаи СММ мегӯяд, аксар мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон то замони баргузории мурофиаҳо иттифоқ меафтанд.

Хуан Мендез ба хабарнигорон гуфт, бештари ҳамсӯҳбатони ӯ дар зиндонҳо шикоят аз латукӯбу шиканҷа дар марҳалаи тафтишотӣ карданд. Вай афзуд, мояи нигаронӣ ин аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон иқрор ба ҷинояти тариқи шиканҷа бадастомада аз боздоштшудагонро ҳамчун далели мӯътамад истифода мекунанд: «Дар ин маврид чанд соли қабл дар моддаи 88 – и Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон як тағйироти муҳим ворид шуд, ки иттилои тариқи шиканҷа бадастоварда набояд дар ягон марҳалаи мурофиаи додгоҳӣ истифода шавад. Ин мувофиқ ба қавонини байнулмилалӣ аст. Аммо нигаронии ман аз ин аст, ки ин модда дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ истифода нашудааст. Мо аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардем, ки ягон парвандаи мавриди истифода қарор гирифтани ин моддаро пешниҳод кунанд, аммо муваффақ нашудем.»

Гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа, ки тайи як ҳафта аз 17 зиндону боздоштгоҳи муваққатӣ дар Тоҷикистон боздид карда, бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо сӯҳбатҳои рӯбарӯ доштааст, мегӯяд, яке аз далоили дигари густариши шиканҷа, қабл аз зиндон маҳдудияти дастрасии вакилони дифоъ ба боздоштшудагон аст. Вай афзуд, то омадан ба Тоҷикистон ӯ аз манобеи мустақил «иттилои ғамангез» - е дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон дошт ва бо мақомоти кишвар онҳоро ба миён гузошт.

Оқои Мендез бо зикри иродаи сиёсии раисҷумҳур ва дигар мақомоти зидахл аз ворид шудани моддаи вижа дар бораи шиканҷа ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон истиқбол кард, аммо гуфт, ба мақомот пешниҳод кардааст, ки дар мавриди ҷазо таҷдиди назар кунанд. Ба қавли ӯ, мӯҳлати 5 соли маҳрумият аз озодӣ барои фарди шиканҷакунанда кофӣ нест, зеро ин мӯҳлат метавонад тариқи авфу дигар расмиёт кӯтоҳ карда шавад. Гузоришгари вижаи СММ афзуд, Тоҷикистон бояд протоколи иловагӣ ба Эъломияи СММ алайҳи шиканҷа ва бадрафториро низ қабул кунад.

Нигаронии Мендез аз шиканҷа дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим


Эъломияи СММ алайҳи шиканҷа ва бадрафтории СММ соли 1984 ба тасвиб расида, Тоҷикистон онро соли 1995 қабул кардааст. Протоколи иловагӣ, ки соли 2002 дар Истанбул қабул шуд, дастрасии созмонҳои байнулмилалӣ ва мустақилро ба зиндонҳо қонунӣ мекунад. Тоҷикистон то ба ҳол ин протоколро қабул накардааст.

Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодаш дар ҳоли ҳозир бо 12 созмони хориҷиву ғайридавлатии мустақар дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дорад. Вай дар робита ба интиқодҳои гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа гуфт, хулосаҳои ӯ бар асоси сӯҳбатҳояш бо зиндониёну ҷабрдидагон аст: «Ягон кас то ба ҳол нагуфтааст, ки бегуноҳ аст. Ягон кас. Ман мефаҳмам, ки баъзан ҳукмҳо нисбат ба ҷиноят сахттар ҳастанд. Аммо қонун қонун аст, ҷиноят – ҷиноят»

Сафари якҳафтаинаи гузоришгари вижаи СММ оида ба шиканҷа аз ҳодисаи деринтизори созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башари Тоҷикистон буд, зеро то ба имрӯз аз сӯи эшон даҳҳо номаву муроҷиат ба СММ дар бораи шиканҷа фиристода шудааст. Тибқи иттилои Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аз соли 2007 то 2010 танҳо ба ин созмон 176 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид шудааст, ки 50 маврид аз онҳо собит шудаанд.

Сергей Романов, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки гузоришгари вижаи СММ – ро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, худ шоҳиди он буд, ки Хуан Мендез то нимашаб бо наздикону хешовандони ҷабрдида мулоқот дошт ва арзи онҳоро шунид. Вай афзуд, аз нигоҳи ӯ хеле муҳим аст, ки пас аз сафари ӯ бархе парвандаҳои дар ҳоли таҳқиқ чӣ гуна анҷом меёбанд: «Умедворем, пас аз ҳисоботи ӯ он парвандаҳое, ки дар марҳалаи қатъ кардан ва ё тафтишоти ҷиноӣ ҳастанд, бештар воқеӣ ва муассир тафтиш мешаванд. Мо ва хешовандони онҳо ҳамчунин интизорӣ дорем.»

Гузоришгари вижаи СММ мулоқоташ бо зиндониёни парвандаҳои пурсарусадо, минҷумла қазияи 53 нафари боздоштшуда дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва зиндониёни дар гузашта маъруфро низ зикр кард, аммо гуфт, дар ин маврид танҳо дар ҳисоботи мукаммалаш ба ҳукумати Тоҷикистон пас аз 6 ҳафта тафсилот пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG