Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаи президентӣ ба "Равшан" расид


Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ахиран соҳиби автобусе шуд, ки соле пеш онро президенти кишвар ваъда карда буд.

Президенти кишвар дар моҳи августи соли гузашта ҳангоми сафараш гуфта буд, ки ба ин даста автобус ҳадя кардааст, вале он бо гузашти як сол нав ба дасти бозингарон расид.

Аммо Баҳром Рустамов, сардори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «ин тӯҳфа дар мавриди зарурӣ ба дасти онҳо расидааст ва тамоми бозингарону ҳаводорони «Равшан» аз ин ҳадяи сарвари давлат хушнуданд».

Инчунин ӯ гуфт: «Мо бовар доштем, ки ин автобус дастрас мешавад, зеро то имрӯз боре нашудааст, ки президент ваъда карда бошаду ба онро амалӣ накарда бошад. Барои ҳамин мо бовар доштем, ки автобус ба бозингарон мерасад».

Ин автобус соли гузашта дар ҳоле ваъда шуд, ки аз бозии ҷанҷолбарангези дастаи «Истиқло»-у «Равшан» моҳе гузашта буд. Аммо масъулини дастаи «Равшан» мегӯянд, ин як тӯҳфаи маъмулии президент буд, ки дар ҳар вохӯриву сӯҳбатҳояш мекунад.
XS
SM
MD
LG