Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки-мун ал-Қоидаро масъули таркиши Димишқ номид


Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун мегӯяд, бовар дорад, ки бомбгузории рӯзи даҳуми май дар Димишқ, пойтахти Сурия, ки дар натиҷаи он 55 нафар кушта ва 370 тани дигар захмӣ шудаанд, кори дасти ал-Қоида аст. Вай афзуд, мудохилаи ин шабака дар минтақа “мушкилоти зиёде”-ро ба бор овард. Мақомоти Сурия гуфтаанд, нооромиҳои кишвари онҳоро террористон роҳандозӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз аввали нооромиҳо 26 нафарро боздошт кардаанд, ки намояндагони кишварҳои хориҷӣ буда, 20 тани онҳо аъзои ал-Қоидаанд ва аз Туркия вориди Сурия шудаанд.
XS
SM
MD
LG