Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи баргузории додгоҳи Младич норӯшан боқӣ мемонад


Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал муҳокимаи раҳбари пешини ҳарбии Сербия Ратко Младичро пас аз як рӯзи оғоз барои муддати номуаян ба таъхир гузошт. Алфонс Орие, садри додгоҳ гуфт, ин таъхир бо сабаби “хато”-и муфаттишон дар муаррифии далелҳо ба вакилони Младич ба миён омад. Вай афзуд, рӯзи идомаи муҳокима ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Младичи 70-сола ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла маъракаи қатли дастҷамъонаи мусулмонон, хорватҳо ва ғайрисербҳои Боснӣ дар ҷанги солҳои 1992-95 муттаҳам мешавад. Вай ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG