Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба пешгирӣ аз дифтерия дар Тоҷикистон кӯмак мекунад


Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод, ки ин кишвар барои пешгирӣ аз сирояти бемории гулӯзиндонак ба Тоҷикистон 1 миллион доллар медиҳад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ин маблағ ба Тоҷикистон аз тариқи Бунёди кӯдаки Созмони Милал ё ЮНИНСЕФ расонда хоҳад шуд. Тасмими мадад дар ҳоле гирифта мешавад, ки ба қавли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, наздик ба 60 дарсади аҳолӣ дар Тоҷикистон эми зидди гулӯзиндонак ё дифтерия надоранд ва ин ҳолат дар ҷараёни таҳқиқи вазъ пас аз бурузи уфуни полиомелит дар соли 2010 ошкор шудааст. Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, аз моҳи апрел ба ин сӯ воксинзании зидди гулӯзиндонак шурӯъ шуда, марҳилаи аввали он 730 000 кӯдаки аз 3 то 6-соларо фаро гирифт. Қарор аст, то тирамоҳи соли равон ҳамаи афроди то 21-сола эм шаванд.
XS
SM
MD
LG