Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо Карзай дар Чикаго мулоқот хоҳад кард


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар арафаи ҳамоиши сарони НАТО дар Чикаго бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад дошт. Мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида Том Донилон гуфт, ин мулоқот омодагие хоҳад буд ба баҳси васеътари ҳамоиш дар масъалаи интиқоли масъулияти амният ба нерӯҳои давлати Афғонистон. Дидори пешинаи Обама бо Карзай дар сафари ғайримунтазираи ӯ ба Кобул аввали ин моҳ ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷараёни он Қарордоди стратегии ҳамкориҳои дуҷониба ба имзорасид. Ин санад муносибатҳои байни ду тарафро дар 10 соли баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон муайян мекунад.
XS
SM
MD
LG