Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод хостори тамошои бозиҳои олимпии Лондон шуд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор намуд, ки мехоҳад барои пуштибонӣ аз варзишгарони эронӣ ба Олимпиадаи Лондон равад. Ва аммо, тавре ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории ИРНА гуфтааст, ки мавзӯъи ҳузураш дар ин Бозиҳо бо вокуниши сарди мақомоти Бритониё рӯ ба рӯ шудааст.

Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, Бритониё аз барномаи ҳастаии Эрон нигаронанд ва ҳадс мезананд, ки ҳадафи аслии Теҳрон – дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист.

Соли гузашта донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ баъд аз таҳримҳои нави Лондон алайҳи Эрон ба сафоратхонаи Бритониё дар Теҳрон ҳамла карданд. Лондон тасмим гирифт, ки дипломатҳояшро аз Эрон бозхонад.
XS
SM
MD
LG