Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи байнулмилалии Гаага ё Ҳейг мурофиаи фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младичро мавқуф гузошт.

Додрас Алфонс Орӣ тасмим дар бораи ба таъхир гузоштани мурофиаро бо он омил марбут кард, ки додситонҳо бархе асноди парвандаро дар ихтиёри вакилони мудофеи Младич гузошта ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд. Ӯ гуфт, санаи азсаргирии мурофиаро “ҳарчӣ зудтар” маълум мекунад.

Имрӯз, 17-уми май, додситонҳо хулосаи тафтишот оид ба куштори мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995-ро пешниҳод карданд. Ба гуфтаи онҳо, додгоҳ асноду баёнотеро зери даст дорад, ки масъулияти қатли тақрибан 8 ҳазор марду навраси мусалмон бар дӯши низомиёни зери фармони Младич аст.

Додситон Питер Макклоскӣ дар мурофиа гуфт, “Сребренитса наслкушӣ буд ва мемонад. Вақте Шумо бо мавод дар бораи ин ҷиноят ошно мешавед, ман шубҳае надорам, ки Шумо ҳам ба ин натиҷа мерасед. То имрӯз, 17-уми майи соли 2012, яъне баъди 17 соли тафтишот далелҳои раднопазир ҷамъ оварда шудаанд.”

Дирӯз (16-уми май) дар ҷараёни мурофиа гуфта шуд, замони ҷанг дар Югославияи собиқ Ратко Младич ба поксозиҳои қавмӣ дар Боснӣ раҳбарӣ мекард.

Қатли одамони осоишта дар Сребренитса – мудҳиштарин ҷиноят дар Аврупо баъд аз хатми ҷанги дувуми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ратко Младич ба ҷуз куштори тақрибан ҳашт ҳазор мардону наврасони Сребренитса – мудҳиштарин ҷиноят дар Аврупо баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон - ҳамчунин дар муҳосираи 44-моҳаи шаҳри Сараево айбдор мешавад, ки дар он тақрибан 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 2 миллион 200 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.

Младич иттиҳоми даст доштанаш дар наслкушӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомиро рад мекунад. Дар сурати собит шудани гуноҳ ба ӯ ҳукми абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG