Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабҳо ба қароргоҳи волии Фараҳ


Дар вилояти Фараҳ, воқеъ дар ғарби Афғонистон, гурӯҳи маргталабҳо ба қароргоҳи волӣ ҳамла карданд.

Бар пояи хабарҳо, дар ин ҳамла дасти кам ҳафт нафар – шаш корманди полис ва як сокини осоишта ҷон бохта, 12 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Задухӯрде, ки тақрибан ду соат идома дошт, баъд аз инфиҷори маргталабонаи яке аз ҳамлагарон дар назди дарвозаи қароргоҳи волӣ оғоз ёфт. Ба думболи инфиҷор се нафари дигар бо истифода аз норинҷаку автомат вориди қароргоҳ шуданд.

Ба иттилои полис, дар задухӯрд ҳамаи чаҳор ҳамлагар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG