Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут ба зиндони Русия интиқол меёбад?


ИМА барои баррасии дархости Маскав оиди дар маҳбаси Русия сипарӣ шудани мӯҳлати ҷазои тоҷир Виктор Бут омода аст.

Вазири адлия ва Додситони кулли ИМА Эрик Ҳолдер қабл аз сафари корияш ба Маскав ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки Амрико бо чанд кишвар дар мавриди дар ватанашон мӯҳлати ҷазоро адо кардани маҳбусон созишнома имзо кардааст.

Виктор Бут, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, дар ИМА бо иттиҳоми таҳияи сӯиқасд ба ҷони шаҳрвандони амрикоӣ барои 25 сол маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG