Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Амрико: "Тарҳҳои ҳамла ба Эрон омода шудаанд"


Дар акс: Сафири Амрико дар Исроил бо вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида.

Дар акс: Сафири Амрико дар Исроил бо вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Исроил мегӯяд, тарҳҳои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон омода шудаанд.

Амрико ба мисли Исроил ҳамвора эълом кардааст, ки барои муқобила бо баландпарвозии ҳастаии ҷумҳурии исломӣ истифода аз нерӯи низомиро аз назар дур нигаҳ намедорад. Ин аст, ки аз Теҳрон хоста шудааст, то дар бораи фаъолиятҳои атомии худ маълумоти дақиқ пешниҳод бикунад.

Сафири Амрико дар Исроил дар гуфтугӯ бо радиои Артиши Исроил гуфт, "тарҷеҳи мо ин аст, ки масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи дипломатӣ ва бо истифода аз аҳромҳои фишор ҳаллу фасл шаванд, на бо истифода аз нерӯи низомӣ. Вале ин мавзӯъ бад-он маънӣ нест, ки истифода аз нерӯи низомӣ комилан дар дастури кор нест. Ин интихоб алъон дар дастур нест, вале қобили иҷрост. Барномарезиҳои мавриди ниёз барои итминон аз ин ки ҳама чиз муҳайёст, анҷом шудааст."

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо баёнгари он аст, ки Ҳарри Рид, раҳбари аксари демократҳо дар Сенат, аз намояндагон хоҳад хост, то ба таҳримҳои нав алайҳи Эрон раъй бидиҳанд. Як дастёри ӯ ба хабаргузории Ройтрез гуфтааст, "ин таҳримҳо дар ростои ташдид (шиддат эфтан)-и фишорҳо дар муқобили Эрон аст ва шомили таҳримҳои иқтисодӣ, бонкӣ ва нафтӣ хоҳад буд.”

Тибқи ин гузориш, ин таҳримҳо бонкҳои хориҷӣ, ки дар муомилоти нафтии ҷумҳурии исломӣ нақш доранд ва ҳамчунин киштиҳои ҳомили нафти Эронро ҳадаф қарор медиҳад.

Ба гузориши Ройтерз, аз замоне ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар моҳи декабри соли гузашта ба иҷрои таҳримҳо алайҳи низоми молӣ ва саноати нафти Эрон мувофиқат кард, Теҳрон бо мушклоти бисёре барои фурӯши нафти худ рӯбарӯ шудааст.

Иқдоми тозаи Сенати Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ даври дувуми музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар Бағдод, пойтахти Ироқ, баргузор шавад. Дар ҳамин замина, як дастёри аршади ҷумҳурихоҳон дар Конгресси Амрико ба Ройтерз гуфтааст, бознигариҳои муҳиме дар ин тарҳ сурат гирифтааст ва ин тарҳ метавонад паёмадҳое барои музокироти Бағдод дошта бошад. Вай бо ишора ба ҳимояти эҳтимолии ҷумҳурихоҳон аз ин таҳримҳо изофа кардааст, "вокуниши эрониҳо ҷолиб хоҳад буд."

Пештар аз ин, Кетрин Аштон , масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, изҳори умедворӣ карда буд, ки даври тозаи музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ҳалли муноқишаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ мусоидат хоҳад кард. Вай, ки намояндагии кишварҳои 5+1 дар музокирот бо Эронро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, "умедворем, оғози муваффақиятро бубинем."

Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, моҳи гузашта ва пас аз даври аввали музокирот дар Истанбул гуфта буд, Ғарб дар фосилаи боқимонда то музокироти Бағдод дар ҷиҳати эътимодсозӣ ҳаракат карда ва дар ин роҳ нисбат ба рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон иқдом кунад. Аммо дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, аввал бояд Эрон қадамҳои мушаххас ва воқеиро дар ростои раъфи нигарониҳои байнулмилалӣ бардорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG