Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дарвозаи “Гвардия”-ро голборон кард


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 6:1 пирӯз шуд.

Ин бозӣ рӯзи 16-уми май дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар барпо гардид. Дар ин бозӣ Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари “Истиқлол” се гол (дақиқаҳои 33-юм, 35-ум ва 41-ум) зад. Ӯ баъд аз Индус Ҳусейнов (“Хуҷанд”) дар мусобиқаи имсола дувумин хет-трик кард.

Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, ба дарвозаи мизбонон ду тӯб (дақиқаҳои 53-юм ва 84-ум) ворид кард. Як голи дигари “Истиқлол”-ро ҳамлагар Юсуф Рабиев дар дақиқаи 40-ум ба ҳадаф расонд.

Голи ягонаи “Гвардия”-ро ҳамлагар Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 68-ум зад.

Ин ғалаба ба “Истиқлол” имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа се зина боло – ба ҷойи севум барояд. Вале “Гвардия”, ки то ҳоло пирӯзӣ ба даст наовардааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

6

5

0

1

10-5

15

2.

"Регар-ТадАЗ"

5

4

1

0

12-3

13

3.

стиқлол"

6

3

2

1

13-5

11

4.

"Хайр"

6

3

2

1

11-7

11

5.

"Вахш"

5

3

1

1

7-2

10

6.

"Хуҷанд”

5

3

1

1

11-8

10

7.

“Истаравшан”

5

2

1

2

9-10

7

8.

ССКА “Помир”

5

2

1

2

7-8

7

9.

"Энергетик”

6

1

4

1

9-10

7

10.

"Зарафшон”

5

1

2

2

8-11

5

11.

“Парвоз”

6

1

1

4

11-13

4

12.

"Ҳосилот”

6

0

0

6

5-15

0

13.

"Гвардия”

6

0

0

6

3-19

0



Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”), Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)-5-голӣ, Дилшод Восиев (“Истиқлол”), Хайрулло Ғайбуллоев (“Парвоз”)-4-голӣ.

Даври 7-ум
19-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – 17.00

«Энергетик» - «Ҳосилот». Душанбе, варзишгоҳи «Автомобилист».
«Гвардия» - «Равшан». Душанбе, варзишгоҳи «Политехникум».
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

20-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – 17.00

«Парвоз» - «Хайр». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«Вахш» - «Зарафшон». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
ССКА «Помир» - «Истаравшан». Душанбе, варзишгоҳи «Политехникум».
XS
SM
MD
LG