Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панагиотис Пикраменос сарвазири муваққати Юнон таъин шуд


Дар Юнон раиси Додгоҳи олии маъмурии мамлакат Панагиотис Пикраменос ба ҳайси раҳбари ҳукумати муваққат ба кор сар кард. Қарор аст, вай кишварро то интихоботи нави порлумонӣ, ки барои 17-уми июн таъин шудааст, раҳбарӣ кунад. Номзадии Пикраменос аз тарафи аҳзоби сиёсии Юнон дар мулоқоти онҳо бо раисиҷумҳур Каролос Папуляс пуштибонӣ ёфт. Ин як чораи маҷбурӣ буд, зеро аҳзоби сиёсӣ натавонистанд, ҳукумати эътилофӣ таъсис диҳанд. Бахше аз онҳо мухолифи сиёсати сарфаҷӯии давлат барои дарёфти имдоди молиянд. Интизор меравад, маҳз онҳо дар интихоботи нав пирӯз шаванд.
XS
SM
MD
LG