Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 600 кг маводи мухаддир сӯзонда шуд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар торнамои худ гуфтааст, рӯзи 16-уми май дар хумдони корхонаи «Текстилмаш» зиёда аз 600 килограм маводи мухаддир сӯзонда шудааст. Ин манбаъ хабар додааст, ки 94 килои онро ҳероин ташкил дода, ҳамчунин наздик ба 2000 қурси маводи нашъаовар сӯзонда шудаст. Бо иттиҳоми қочоқ ва тиҷорати ин мавод 200 нафар ҳукми додгоҳ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол раҳбари Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов гуфтааст, дар натиҷаи амалиёти муштараки ин хадамоти Русия ва нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон чаҳор лабораторияи таҳияи маводи мухаддир тахриб ва наздик ба 70 нафар боздошт шудаанд. Вай афзудааст, полиси Тоҷикистон низ ба ин амалиёт кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG