Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хушунатҳои нави Сурия 15 нафар ба қатл расидаанд


Раисиҷумҳур Башор ал-Асад гуфт, кишварҳое, ки дар Сурия “тухми ҳарҷу марҷ”-ро коштанд, худ аз ин амал зиён хоҳанд дид. Дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Русия, асад ҳамчунин гуфт, нерӯҳои амниятии Сурия “зархаридони хориҷӣ”-ро боздошт карданд, ки дар сафи мухолифон зидди ҳукумати Сурия меҷангиданд. Дар ин байн, фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат маҳаллаи Шаммосро дар шаҳри Ҳумс ҳадафи ҳамла қарор дода, ба камияш 15 нафарро куштаанд. Гуфта мешавад, бархе аз ин қурбониён ҳадафи “муҷозоти дастҷамъона” шудаанд.
XS
SM
MD
LG