Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон барои таҳкими нерӯҳои Афғонистон 193 миллион $ ваъда кард


Сарвазири Олмон, Ангела Меркел гуфт, кишвараш барои ҳимоят аз полис ва нерӯҳои ҳарбии Афғонистон дар давраи баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 ба Кобул 193 миллион доллар хоҳад дод. Изҳороти Меркел пас аз мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва маросими имзои созишномаи коршарикии стратегии Олмону Афғонистон садо дод. Дар ҳамин ҳол Австралия низ гуфтааст, барои таҳкими нерӯҳои Афғонистон сар аз соли 2015 ба ин кишвар 300 миллион доллар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG