Пайвандҳои дастрасӣ

Норозиёни Русия тазоҳуроти худро ба майдони дигар кӯч доданд


Наздик ба 2000 нафар аз норозиёни Русия дар хиёбони Кудринскийи Маскав ҷамъ омада, гуфта мешавад, шумори бештари мардум ба онҳо мепайвандад. Полис талош кард, ин ҳамоишро пароканда кунад, аммо ҳангоми оғози боздошти тазоҳуркунандагон издиҳом автобус ва мошинҳои полисро тахриб намуд. Бо вуҷуди ин полис наздик ба 20 нафар, аз ҷумла раҳбари гурӯҳи “Ҳамраъйӣ”, Иля Яшинро ба ҳабс гирифтааст. Норозиён баъд аз он ки полис онҳоро аз хиёбони Чистие пруди дур кард, дар ин ҷо ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG