Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори вазирони умури хориҷии Амрико ва Тоҷикистон


Дар акс: Ҳамроҳхон Зарифӣ бо Ҳилларӣ Клинтон

Дар акс: Ҳамроҳхон Зарифӣ бо Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон дар оғози гуфтугӯ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ равобити кишвараш бо Тоҷикистонро “аллакай қавӣ” номид.

Дар Вашингтон дидори вазирони умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ва Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ ҷараён гирифт. Пеш аз оғози гуфтушунид, хонуми Клинтон гуфт, дар мулоқот пешрафтҳои равобити Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ва роҳи густариши ин равобити “аллакай қавӣ” баррасӣ хоҳад шуд.

Вай аз Зарифӣ истиқбол кард ва таъкид намуд, ки сафари хубе ба Тоҷикистон дошт ва бо раисиҷумҳуру ҳукумати ин кишвар ҳама гуна масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои минтақаиро баррасӣ карда буд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ пеш аз оғози мулоқот гуфт, ду кишвар ҳамеша равобити хуб доштанд ва ҳоло ин шарикони стратегӣ масъалаҳои марбут ба робитаҳои дутарафа ва масъалаҳои марбут ба кишварҳои ҳамсоя дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Зарифӣ изҳори хушҳолӣ кард, ки дар ин ҷо “дӯстони дерина”-ро мебинад ва бо онҳо аз ҳамкорӣ гуфтушунид мекунад.

Бино бар ишораҳо, эҳтимол меравад, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар меҳвари гуфтугӯи Клинтон ва Зарифӣ қарор дошта бошанд. Нақши кишварҳои ҳамсоя дар сулҳ ва бозсозии Афғонистон ва амнияти минтақаӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар дидорҳои гузаштаи намояндагони ду кишвар низ баррасӣ шудаанд.

Клинтон рӯзи 22-юми октябри соли гузашта дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда баъд аз он гуфта буд, ки дар ин вохӯрӣ бар замми баррасии равобити дуҷониба вай ҳамчунин дар масъалаҳои марбут ба озодии дин ва матубот дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Вай гуфт, ки вай бо сиёсати маҳдудкунии фаъолиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон розӣ нест, зеро чунин сиёсат дар ниҳояти амар боиси ифротӣ шудани ҷомеа мегардад. Клинтон дар Душанбе бо фаъолони ҷомеаи маданӣ ва донишҷӯёни тоҷик низ нишасте дар Маркази исмоилиёни Душанбе баргузор намуда дар он ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид карда буд.

Равобити Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мақомоти Русия мавриди шубҳа ва рашк қарор ёфта, ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати бадеҳӣ дар мазҳари ом иқрор кард, ки Путин рӯзе чандин бор аз ӯ мепурсидааст, ки оё Тоҷикистон ба Вашингтон пойгоҳи ҳарбӣ додааст ё на.

Муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 оғоз ёфта, дар ин муддат Вашингтон дар Тоҷикистон барномаҳои зиёди имдодиро ба маблағи 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Амрико ҳамчунин дар садри феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ мефиристанд.

Истиқболи вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтонро аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин видео бубинед:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG