Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Зарифӣ робитаҳои ИМА ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд


Дар Вашингтон дидори вазирони умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ва Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ ҷараён гирифт. Пеш аз оғози гуфтушунид, хонуми Клинтон гуфт, дар мулоқот пешрафтҳои равобити Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ва роҳи густариши ин равобити “аллакай қавӣ” баррасӣ хоҳад шуд. Вай аз Зарифӣ истиқбол кард ва таъкид намуд, ки сафари хубе ба Тоҷикистон дошт ва бо раисиҷумҳуру ҳукумати ин кишвар ҳама гуна масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои минтақаиро баррасӣ карда буд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ пеш аз оғози мулоқот гуфт, ду кишвар ҳамеша равобити хуб доштанд ва ҳоло ин шарикони стратегӣ масъалаҳои марбут ба робитаҳои дутарафа ва масъалаҳои марбут ба кишварҳои ҳамсоя дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG