Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи сӯиқасд ба Назаров ба додгоҳ меравад


Додситони кулли Шветсия ба Радиои Озодӣ гуфт, ду узбаке, ки бо гумон даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии маъруфи узбак боздошт шудаанд, рӯзи ҷумъа ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Кристер Петерсон аммо аз ироаи ҷузъиёти парвандаи сӯъиқасд ба Обидхон-қорӣ Назаров худдорӣ кард. Ин рӯҳонии 50-сола, ки аз соли 2006 ба Шветсия паноҳ овардааст, дар моҳи феврал дар шаҳри Стромсунд дастикам 3 тир хӯрд. Ӯ аз мунтақидони тунди режими Ислом Каримов маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG