Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони ҳуқуқи башар хостори ширкати ҳуқуқшиносон дар кори Кумиссюни аттестатсионии ВУД шудаанд.

Фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар як нишаст дар шаҳри Душанбе, аз намояндаи вижаи СММ Ҳуан Мендес дархост карданд, ки дар масъалаи ворид кардани ҳуқуқшиносони мустақил ба феҳрасти Кумисюни аттестатсионии Вазорати умури дохилӣ мусоидат кунад.

Намояндагони ҳуқуқи башар ин пешниҳодро дар ҳоле ба миён гузоштаанд, ки шикоятҳо аз рӯи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ бештар шуда, то ҳол хеҷ корманди пулис барои ин ба таври ҷиддӣ ҷазо нагирифтааст.

Ҳуан Мендес, фиристодаи махсуси СММ, ки авохири ҳафтаи гузашта бо ҳадафи омӯзиши вазъи боздоштшудаҳову зиндониҳо ба Тоҷикистон омад, қарор аст рӯзи ҷумъа бо хабарнигорон мулоқот кунад ва аз натоиҷи кори худ гузориш диҳад.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, раиси Созмони ғайридавлатии "Перспектива Плюс", ки нахустин шуда ин пешниҳодро кардааст, мегӯяд, ширкати ҳуқуқшиносони мустақил ҳангоми баррасии аъмоли кормандони интизомӣ, хусусан дар ҷараёни суолу ҷавоб бо кормандоне, ки дар боздоштгоҳҳои пешакӣ шиканҷа мекунанд ва боз «аз об хушк» мебароянд, бисёр муҳим аст: «Вақте ки ҳомии ҳуқуқ дар ин санҷиш ширкат мекунаду ва дар даст факту далелҳо дар бораи аъмоли милисае, ки дар СИЗО шиканҷа кардааст, пеш меорад, албатта, вай рутба намегирад ва огоҳонида хоҳад шуд ва ё ба ҷазо кашида мешавад. Ва Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик

инро дигар ҳамкоронаш мебинанд ва ҳатман аз чунин бадрафторӣ даст мекашанд. Аз ин рӯ ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни аттестатсия зарур аст.»

Хонум Бобоназарова меафзояд, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар на танҳо фаъолияти кормандони оддӣ, балки сардорони раёсатҳое, ки ба чунин амалҳо роҳ додаанд ва ё чашм мепӯшанд низ мавриди назорат қарор хоҳанд гирифт.

Як намояндаи барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, ки ҳамроҳи Ҳуан Мендес, фиристодаи вижаи СММ аз маҳбаси Қӯрғонтеппа рӯзи чаҳоршанбе дидан кардааст, мегӯяд, ки дар мулоқот бо намоянадгони чанд созмони маҳалии дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, масъалаи ширкати ҳомиёни ҳуқуқ дар аттестатсияи вазорати умури дохила садо дод.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки овардани номашро зарур нашуморид, мегӯяд, ки ҷаноби Мендес ин пешниҳодро қайд кард ва ваъда дод, ки дар дидораш бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон онро дар миён хоҳад гузошт. Вай афзуд, ки ин таҷрибаи нав нест ва дар бисёр кишварҳои аврупоие, ки солҳои охир дучори нооромиҳо дар шудаанд, ин механизм кор мекунад ва натиҷаи мусбат ҳам додааст.

Яке аз парвандаҳои пурсарусадои соли 2011 дар Тоҷикистон, марги Сафаралӣ Сангов дар шӯъбаи умури дохилаи Синои пойтахт буд, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, бо вуҷуди исботи латукӯби вай аз тарафи кормандони милиса, ҳеҷ нафаре муҷозот нашуд. Ин бори аввал нест, ки ходимони пулис дар шиканҷаи боздоштшудагон ва ҳалокати онҳо муттаҳам мешаванд. Дар ҳамон сол Баҳромиддин Шодиев, сокини 28-солаи пойтахт, аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, вале баъдан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол ёфт ва пас аз даҳ рӯз даргузашт.

Сафаралӣ Сангов

Сафаралӣ Сангов

Бо вуҷуди изҳоротҳои пайҳами созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмони Афви байналмилал дар масъалаи поён додани шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, мақомоти Тоҷикистон то кунун онро ношунида мегиранд. Бо вуҷуди он, ки баъзе аз кормандони умури дохила бо ин иттиҳом ба маҳбас кашида шудаанд, вале хеле зуд афв шудаанд.

Ҳайдар Холов, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар САҲА дар мавриди ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни аттестасияи кормандони интизомӣ гуфт, ки ҳомиёни ҳуқуқ имкон доранд, ки дар ин санҷишҳо ширкат кунанд ва назару пешниҳоди худро баён доранд: «Мо ҳамроҳи муовини вазир дар Хорватия будем ва дар онҷо ҳомиёни ҳуқуқ дар аттестатсия ширкат мекунанд. Назари худро баён медоранд, пешниҳод мекунанд. Аз ин рӯ мо як маълумотнома таҳия карда ба вазир пешниҳод кардагӣ ҳастем. Дар сурати қабули он, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар аттестатсия ширкат кунанд.»

Дар ҳоли ҳозир Вазорати умури дохилӣ «Барномаи рушди ислоҳоти милиса»-ро таҳия дорад, ки имкон дорад масъалаи мазкур дар он ворид карда шавад.

Ин ҳам ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, хусусан вакилони мудофеи Тоҷикистон, пас аз тасдиқи шиканҷа дар фаъолияти кормандони интизомӣ, ё онҳо ҷазои камтарин мегиранд ва ё ин, ки боз соҳиби рутбаҳои ва вазифаҳои баландтар мегарданд.

Баъзеҳо сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Анвар Тағоймуродовро мисол меоранд, ки пас аз баҳси пурсарусадо бо ҳафтаномаи "Азия плюс" ба вазифаи муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон мансуб шуд.

Кормандони милисае, ки дар натиҷаи беҳаракатиашон Сангов ҳалок шуд, барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аммо баъдтар маълум шуд, ки баъзе аз онҳо дар бахшҳои дигари умури дохилӣ ба фаъолияти худ идома додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG