Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри сериалҳои туркӣ дар Тоҷикистон манъ шуд


Мақомоти Тоҷикистон тарҷума ва нашри 5 сериали туркиро манъ кардаанд. Давлат Сафаров, мудири кулли «Тоҷиккино» гуфт, филмҳои «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хайёлҳои сабз» ва «Водии гургон» ба далели вуҷуди саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ ва ифротгароиву терроризм мамнӯъ шуданд.
Сериалҳои туркӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон, ба хусус дар байни ҷавонон, хеле маъруф шуд, вале ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон ба бастани филмҳои туркӣ иқдом мешавад. Чанд сериали туркӣ аз 1 феврал дар Узбакистон ҳам манъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG