Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон рӯзи 17 июн интихоботи нав доир мекунад


Интихоботи ҷадид дар Юнони буҳронзада рӯзи 17 июн доир хоҳад шуд. Ҳамчунин эълон шуд, ки кафолати ҳукуматро муваққатан Панагиотис Пикраменос – раиси додгоҳи олии маъмурии Юнон ба дӯш хоҳад гирифт. Сарони аҳзоби Юнон имрӯз дар мулоқот бо раиси ин ҷумҳурӣ Каролос Папоулиас дар ин ду масъала ба тавофуқ расиданд. Аҳзоби юнонӣ дар пайи интихоботи рӯзи 6 май натавонистанд дар мавриди ташкили ҳукумати эътилофӣ ба тавофуқ даст биёбанд. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки дар интихоботи ҷадид шонси пирӯзии аҳзоби мухолифи барномаи коҳиши хароҷот, ки Юнон дар ивази кумаки байналмилалӣ пазируфтааст, бештар аст. Нигарониҳо дар бораи эҳтимоли хуруҷи Юнон аз минтақаи евро боиси уфти барои 4 моҳи охир бесобиқаи қурби евро шудааст.
XS
SM
MD
LG